image

Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Сино

date_range07.06.2023, 15:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye295

Давоми ду ҳафтаи охир дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дошт ва инак дар марҳалаи ниҳоии худ қарор гирифта, аз ҷониби ҳайати доварон ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Ин озмун дар ноҳияи Сино низ дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино зимни баромади худ афзуд, ки сол то сол ширкатдорони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд гардида, он ҳамчун падидани нодири фарҳангиву маънавӣ миёни ҷомеа мадани мо қабул шудааст. Сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ талош доранд, ки ғолибонро қадрдониву ҳавасманд намоянд. Бо эҳтиром ба хизмат ва мавқеи доварон дар озмун нахуст ҳайати ҳакамон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳаминтариқ ба тамоми иштирокчиёни фаъол ва ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳама ғолибони озмун бо чеҳраи хандон ва самимияти зиёд дар маросими ҷамъбастии озмун иштирок намуда, баргузории чунин озмунҳои маърифатиро амри саривақтӣ барои баланд бардоштани тафакури насли наврасу ҷавон маънидод намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро адибон, намояндагони сохторҳои гуногуни марбута ва донишмандони соҳа доварӣ намуданд ва дар маросими қадрдонии ғолибон низ ширкати фаъолонаи худро таъмин намуданд. Аз шумораи умумии ширкатдорони озмун, ки 1860 нафар буданд, 117 нафар ғолиб муайян гардида, бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин ба омӯзгорон ва падару модари ғолибон низ туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаву сипоснома тақдим гардид. Дар сатҳи зарурӣ ташкилу ҷамбаст намудани ин озмун шаҳодати он аст, ки дар кишвари мо ба фарҳангу маънавиёт, илму дониш ва сатҳи донишазхудкунии қишрҳои гуногуни ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"