image

Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

date_range08.06.2023, 13:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye309

Бо мақсади омодагии сохторҳои марбута ва аҳолӣ ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ва заминҷунбӣ бояд мунтазам машқҳои тактикӣ ва чорабиниҳои омӯзишӣ бо сафарбарнамоии сокинон ташкилу баргузор карда шавад. Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои омӯзишӣ дар саҳни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор шуд.

Машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ҳангоми ба амал омадани заминларзаи 6 балла” доир гардид. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҳифз намудани саломатӣ ва ҳаёти донишҷӯён, устодон ва кормандони Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар оғоз дар толори Донишгоҳ вохӯрии устодону кормандон бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, зимнан дар робита ба ҳолатҳои бартараф намудани заминларза дарси махсус гузаронида шуд.

Баъдан дар саҳни бинои донишгох машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд. Зимнан гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини ҳолати омодагии доимӣ, ҷиҳати сайқал додани маҳорати касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании Донишгоҳ дар иҷрои вазифаҳо ва сари вақт бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, мусоидат намудан барои устувории фаъолият дар ҳолатҳои фавқулода фармоиши ректори донишгоҳ ба тасвиб расид, ки дар доираи он дар ҳамкорӣ бо Кумитаи мазкур машқҳои махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид намуд, ки минбаъд дар доираи ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ чунин машқҳоро дар ҳудуди дигар иншоотҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷалби бештари донишҷӯёну устодони донишгоҳ ташкил ва баргузор менамоем. Дар зимн ҷонибҳо: роҳбарияти Донишгоҳ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони чорабинӣ Ифтихорнома ва Сипоснома супориданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"