image

Дар кӯдакистони №121-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ машварати дастурдиҳии обутобдиҳӣ доир гардид

date_range08.06.2023, 16:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye223

Дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 121-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади дар сатҳи хотирмон гузаронидани давраи тобистон машварати обутобдиҳии кӯдакони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид.

Дар кори машварати дастурдиҳии обутобдиҳӣ, ки дар Кӯдакистони рақами 121-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд, мудирон ва мураббиёни кӯдакистонҳои ноҳия ширкат варзиданд. Ҳамзамон бо ин намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Душанбе ва дигар коршиносону равоншиносон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни машварати дастурдиҳии обутобдиҳӣ иштирокчиён бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон шинос шуданд. Гуфта шуд, ки бо мақсади хубу хотирмон гузаронидани давраи тобистон баҳри кӯдакону наврасон бояд шароити бароҳати таълиму тарбия дар тамоми боғчаҳои ҳудуди ноҳия фароҳам оварда шавад. Зимни баромади худ иштирокчиён изҳор доштанд, ки дар асоси нақшаи машварати обутобдиҳӣ ҳамарӯза миёни таълимгирадагони кӯдакистонҳо машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуда, то 10-15 дақиқа кӯдакон дар ҳавои тоза сайру гашт намоянд.

Дар ҷараёни мавшарати дастурдиҳии обутобдиҳӣ аз ҷониби мутахассисон ба мудирони кӯдакистонҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар иштирокчиёни дигари он тавсияҳо пешниҳод гардид.

Қайд шуд, ки дар фасли гармо кӯдакон дар ҳавои гарм ба шиноварӣ дар ҳудуди муассиса бояд ҷалб карда шаванд ва ҳарорати обе, ки дар он кӯдакон оббозӣ менамоянд, бояд 20 то 22- дараҷа гармиро дошта бошад. Ҳамзамон бо ин гуфта шуд, ки ҳамарӯза ба шиноварӣ машғул гардидани кӯдакон низ тавсия дода намешавад. Ин амалро мумкин аст, ки 1 рӯз пас анҷом дода ва дар рӯзи дигар кӯдакон метавонанд дар ҳавои тоза зери нурҳои офтоб то 5-10 дақиқа гаштугузор намоянд ва ҳамчунин ба қумбозӣ низ метавонанд машғул шаванд. Дар ҷараёни машварат ҳамчунин пешниҳод гардид, ки ҳолати санитарию эпидемологӣ дар боғчаҳо қатъӣ риоя карда шавад.

Дар интиҳои машварат мудирони кӯдакистонҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, ҳамчунин ба масъулин пешниҳодоти худро манзур намуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"