Ҷаласаи Шӯрои занони вазорату идораҳо дар Кумитаи кор бо занон ва оила
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзу нигаҳдории сулҳу амният, Истиқлолияту Ваҳдат, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ, инчунин пепшгирии шомилшавии занону ҷавонон ба гурӯҳҳои иртичоӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар баргузор гардид, ки дар он занону бонувони вазорату идораҳо ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъули мақомоти марбутаи кишвар ширкат ва суханронӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи мазкур дар доираи баргузории 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омада, дар он масъалаи таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати ягонагӣ, омилҳои расидан ба сулҳу Ваҳдат ва саҳми Пешвои миллат дар сулҳу Ваҳдати миллӣ ва роҳҳои расидан ба он аз ҷониби иштирокчиён таъкид гардид. Ҳамзамон, рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва суботу оромӣ дар ҷомеа самараи расидан ба Ваҳдати комил арзёбӣ шуда, фарҳанги сулҳофарии Пешвои миллат манбаи омӯзиши сулҳофарӣ барои давлатҳои ҷаҳон муҳим шуморида шуд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон масъалаи пешниҳоди нақшаҳо вобаста ба “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ҷалби бештари занону духтарон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” баррасӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои занону духтарон ҳар се моҳ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаи мубрам баррасӣ мегарданд.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ