image

Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Аминҷон Шукӯҳӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти нимаи дуюми садаи 20” дар ДМТ

date_range09.06.2023, 19:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye275

Бо ибтикори факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳаққиқон, донишмандону адабиётшиносон ва донишҷӯёну устодони донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Аминҷон Шукӯҳӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти нимаи дуюми садаи 20” баргузор гардид.

Дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Аминҷон Шукӯҳӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти нимаи дуюми садаи 20” ректори донишгоҳ, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон, донишмандону адабиётшиносон, пайвандону ҳаводорони шеъри шоир ва донишҷӯёну устодони донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нотиқон зикр намуданд, ки асарҳои мунтахаби Аминҷон Шукӯҳӣ аз асарҳои машҳури ӯ “Парии ҷазира”, "Шаҳло ва шифо”, “Достони Муллолатиф”, ва ҳикояҳои лирикию повести бачагонаи ӯ “Об аз куҷо меояд” иборат аст, ин асарҳо борҳо чоп шуда, мақбули хотири хонандагони бешумор гаштаанд. Умед аст, бо онҳое, ки бори аввал асарҳои мансури ин шоири ширинкаломро, ки насраш низ чун назмаш равону зебост, мутолиа мекунад, писанд хоҳад афтод.

Осори ин шоири ширинкалом бештар дар мавзӯҳои вадандориву ватандӯстӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла аввалин маҷмӯаи шеърҳои устод «Суруди чашмасор» унвон дошта, соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медоданд ва бо забони содаю равонаш ҷозиб буданд.

Аминҷон Шукӯҳӣ барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли (1965) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва як «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст. Соли 1994 сазовори унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.

Дар рафти конференсия ҳамчунин иштирокчиён роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ин шоири шинохта, сухнронӣ намуданд. Аз ҷумла дар мавзӯҳои “Шукӯҳӣ ва ҷараёни таҳавули шеъри адабиёти давраи нав” , “Нигоҳе ба ғазалиёти Шукӯҳӣ дар адабиётшиносии тоҷик”, “Чанд андеша дар бораи афкори ибтикороти Аминҷон Шукӯҳӣ дар ҷодаи шеър” ва амсоли ин маъруза намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид 

"ТВ Душанбе"