Мулоқот доир ба коррупсия дар Раёсати андози Душанбе
Бо мақсади иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар Раёсати андози шаҳри Душанбе мулоқоти масъулини Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо кормандону масъулини раёсат баргузор шуд.
Бо иштироки намояндагони Раёсати андози шаҳри Душанбе мулоқоти масъулини Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Раёсати андози шаҳри Душанбе оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» мулоқот доир гардид.
Зимни мулоқот масъулин изҳор доштанд, ки методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) асосҳои ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ муқаррар менамояд.
Мақсади методологияи мазкур, бо дарназардошти таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ташкилотҳо раванди ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд ва ҳамчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири онҳо мебошад.
Маърузачиён дар суханронии худ изҳор доштанд, ки таҳлили фаъолияти (хавфҳои коррупсионии) шароитҳои пешакӣ омилҳои таҳлили мубрами қонунгузорӣ барои ташкилот, таҳлили сохторҳои ташкилии ташкилот, таҳлили қоидаҳои одоб (рафтор, деонтология, ё дигар ҳолатҳое, ки ба рафтори кормандони ташкилот дахл доранд) ба назар мегирад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ