image

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба хатми донишҷӯён дар Донишгоҳи тиббӣ

date_range10.06.2023, 09:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye306

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинӣ тантанавӣ ба муносибати гусели хатмкунандагон баргузор гардид. Имсол ин боргоҳи илму маърифатро 2075 нафар донишҷӯёни ватанию хориҷӣ бомуваффақият хатм карда, сазовори номи пуршарафи табиб гардиданд. Аз ҷумла, факултаи тиббиро 1236 нафар, факултаи педиатриро 111 нафар, стоматологӣ 197 нафар, фармасевтӣ 53 нафар ва факултаи тиббӣ-профилактикиро 42 нафар донишҷӯёни ватанӣ хатм карда, барои фаъолияти пурсамар ва хизмат ба халқу давлат ба муассисаҳои соҳи тандурустӣ сафарбар мегарданд.

Бахшида ба рӯзи хатми донишҷуёни ватанӣ бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати раёсати Донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯёни хатмкунанда, волидону наздикони онҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ вазирӣ тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки сатҳи дониш ва малакаи хатмкунандагони мо сол ба сол боло меравад, ки ин аз талошу заҳматҳои устодони ин боргоҳ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамаи ин дастовардхо бошанд тавассути сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Таъкид шуд, ки хатмкунандагони имрӯзаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки табибони оянда мебошанд, бояд ворисони Синои бузург бошанду афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома диҳанд ва дар фаъолият содиқонаю софддилона ба давлату миллат хизмат намоянд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зимни баромади хеш хатмкунандагонро ба фаъолияти пурсамар, садоқат ба касби пурифтихори табибӣ ҳидоят намуда, аз дастгирӣ ва таъкидҳои пайвастаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бунёду мавриди истифода қарор гирифтани бинои 10 ошёнаи таълимию маъмурӣ ёдовар шуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба хатмкунандагон диплом ва нишони сарисинагӣ супорида шуда, барномаи консертии омоданамудани ансамбли “Шифо”-и Донишгоҳ пешниҳоди ҳозирин карда шуд, ки чорабиниро шукуҳи хоса бахшид.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"