image

Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас дар шаҳри Душанбе

date_range13.06.2023, 14:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

11-уми июн дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи Dushanbe-Serena Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2023 баргузор гардид. Фестивал аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он намояндагони ҳукумати мамлакат ва дигар шарикон иштирок намуданд.

Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас ҳамасола бо супориши Ҳукумати мамлакат бо ҳадафи рушди истеҳсоли матоъҳои суннатӣ, оммавигардонии истифдаи атласу адраси миллӣ дар либосҳои замонавии тоҷикӣ ва маснуоти хонагии саноати бофандагӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Дар фестивал намояндагони Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идора аз намоиши маҳсулоти корхонаҳое, ки ба истеҳсоли атлас ва адрас машғул мебошанд ва дигар ҳунармандон дидан карданд.

Бояд гуфт, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаи ватании «Атласи Хуҷанд» 21,9 ҳазор метрии мураббаъ атлас истеҳсол карда шудааст. Дар баробари ин корхонаҳои дигар инчунин марказҳои рушди ҳунармандӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон истеҳсоли адрасро ба роҳ мондаанд, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 145,2 ҳазор метрии мураббаъ матои аълосифат истеҳсол кардаанд. Дар доираи Фествали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2023 намоиш-ярмарка баргузор мегардад, ки дар он зиёда аз 20 нафар ҳунармандони тоҷик матоъҳои суннатии бофтаи худ, инчунин маснуоти хонагии саноати бофандагиву ороиши дохилӣ ва лавозимоти аз ин матоъҳо истеҳсолшударо ба намоиш мегузоранд.

Зимни ифтитоҳи Фестивал муовини Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки бо мақсади рушди истеҳосли атлас ва адрас, инчунин зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар кившар «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» қабул гардида ва амалӣ шуда истодаанд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба тамоми иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии фестивал сипоснома, мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ тақдим гардид.

Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2023 ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи саноати сабук бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"