Қадрдонии ғолибони озмуну олимпиадаҳо дар «Литсейи Умари Хаём»
Дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хаём» қадрдонии хонандагони литсей, ки дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумхуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, доир гардид. Бояд гуфт, ки бо иштирок дар ин озмунҳо 14 нафар хонандагони ин муассисаи таълимӣ ғолиб гардиданд.
Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём” аз ҷумлаи муассисаҳои муосири таълимие дар пойтахт мебошад, ки тайи як сол инҷониб фаъолият дорад. Ин даргоҳи маърифат тибқи лоиҳа барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, айни замон наздик ба 600 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 35 омӯзгори соҳибтаҷриба таълим медиҳанд.
Хонандагони муассисаи номбурда тавонистанд дар мудати кутоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Инак дар вазъияти тантанавӣ ин нафарон аз ҷониби роҳбарияти Литсей бо ифтихорномаю сипоснома, медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кишвар озмуну чорабиниҳои гуногун бароҳ монда шудааст то насли ояндасози кишвар тавонанд дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат варзанду донишу маҳорати хешро сайқал диҳанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душнбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ