image

Баргузории маҳфилҳо дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ

date_range14.06.2023, 13:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye259

Осоиштагиву сулҳу суботи кишварро метавон, ҳангоми қадам задан дар хиёбонҳои гулзор, аз насими атромезу фазои оромиву субот, ҳамчунин хушҳолии пиру барно эҳсос намуд, ки воқеан Тоҷикистон, сарзамини биҳиштосои мо макони арзандаи сайру гашти на танҳо сокинонаш, балки макони орзуҳои ҳар як сайёҳи он маҳсуб меёбад.

Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” дар масоҳати 30 гектар доман паҳн карда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Ин макон яке аз боғҳои дӯстдоштании сокинони Душанбешаҳр аст, ки бо шароитҳои муосир фаъолият дорад.

Дар боғи мазкур ин навбат маҳфилҳои фарҳангию варзиши ташкилу роҳандози гардид, ки бештар ҷавонону наврасон ба онҳо ҷалб гардиданд. Маҳфилҳо бо ташаббуси МИҲД-и н.Фирдавси ба роҳ монда шуд. Ин гуна маҳфилу чорабиниҳо пайваста баргузор мегарданд, ки дар баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии наврасону ҷавонон ва сокинони пойтахт саҳми арзанда мегузоранд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаву пайгиронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе солҳои охир боз ҳам зебо гардидани симои зоҳирии пойтахт, беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиву фароғат ба сокинону меҳмонон тадбирҳои амалӣ татбиқ гардида, инфрасохтори боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва маконҳои сайру саёҳати шаҳри Душанбе ба маротиб беҳтар гардонида шуданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"