image

Хонандагон ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Орзу”-и ноҳияи Фирдавсӣ фаро гирифта шуданд

date_range15.06.2023, 18:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye300

Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе истироҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавсими таътили тобистонаи соли 2023 ки аз буҷети ш. Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда шуданд, оғоз гардид. Ҳоло истироҳатгоҳҳо дар басти 1-ум хонандагонро баҳри истироҳат қабул намуданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ фаъолият доранд. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Орзу”-и н. Фирдавсӣ низ аз чунин маконҳоест, ки дар давраи истироҳати тобистона дар ин ҷо барои кудакону наврасон шароитҳои зарурӣ муҳаё гардидаанд. Ин истироҳатгоҳ аз буҷети ноҳияи Фирдавсӣ маблағгузорӣ карда мешавад, ва хонандагони муассисаҳои таълимиро ба корҳои сайёҳиву маърифатӣ, тарбияи Ватандустиву завқи зебоипарастӣ ҷалб месозад. Ин навбат дар таътили тобистонаи соли 2023, басти аввали хонандаҳо ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

Маросими кушодашавии басти аввал барои истироҳаткунандагон бо иштироки намояндагони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, МИҲД-и н.Фирдавсӣ, шуъбаи маориф, хонандагон ва кормандони истироҳатгоҳи мазкур баргузор гардид.

Масъулин иброз доштанд, ки барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва озмуну чорабиниҳои зиёде баҳри фароғати хонандагон ба нақша гирифта шудаанд, ки дар давоми истироҳат ба роҳ монда мешаванд.

Тибқи иттилоъ баҳри хонандагон маҳсулоти хурока аз ҷониби КВД хуроки умумии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъмин карда мешавад. Ин масъала низ зери назари пайвастаи масъулини корхона қарор дорад.

Шароит дар истироҳатгоҳ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хурокҳои серғизо пешниҳод мегарданд ва ба тозагии хобгоҳҳо диққати ҷидди дода мешавад. Ба истироҳат фаро гирифтани хонандагон метавонад барои пешрафту инкишофи донишу малакаи онҳо саҳмгузор бошад.