image

Семинар барои мутахассисони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

date_range16.06.2023, 14:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye195

Бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо ибтикори Агентии байналмилалии рушди Қазоқистон рӯзҳои 14 ва 15 июни соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Кори машварати омӯзишӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштирок ва сухани ифтитоҳии раиси Агентии байналмилалии рушди Қазоқистон ва ректори Донишгоҳ оғоз гардид.

Таъкид гардид, барномаи машварат аз чор бахш иборат буда, давоми ду рӯз идома меёбад ва дар он масъалаҳои рейтинги байналмилалии донишгоҳҳо, сатандарти байнамилалии ISO, «Системаи идоракунии сифат. Талабот», Стандарти таъмини сифати дохилӣ, муайянкунии раванди сифати стандартӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои ҷараён бо иштироки мутахассисон мавриди баррасиву натиҷагирӣ қарор дода мешаванд.

Дар чорабинӣ стратегияҳо ва усулҳои объективии таҳия ва татбиқи системаи дохилии кафолати сифат ва омӯзиши роҳҳои пешбурди донишгоҳҳои беҳтарин дар рейтингҳои ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад. Таваҷҷуҳ ба стратегия ва татбиқи тадбирҳои зарурӣ барои беҳтар намудани мақом ва нуфузи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар рейтинги ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар қисми аввал масоили таҳия ва татбиқи системаи дохилии кафолати сифат, аз ҷумла, принсипҳои таҳияи системаи дохилии кафолати сифат, банақшагирӣ, иҷро, тафтиш ва пайгирии такмили доимӣ, марҳилаҳои таҳияи системаи дохилии кафолати сифат, муайян кардани ҳадафҳо, таҳияи тартиб ва татбиқи система, нақш ва вазифаҳои иштирокчиён - маъмурият, устодон ва донишҷӯён дар татбиқи системаи дохилии кафолати сифат баррасӣ мегарданд.

Дар қисми дуюми семинар масъалаҳои пешбурди мавқеи донишгоҳ дар рейтингҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, аҳамияти рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷалби донишҷӯёну пажӯҳишгарон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии донишгоҳҳо, таҳлили меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои асосие, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ ба назар гирифта шудаанд, аз қабили нуфузи академӣ, нашрияҳои илмӣ, ҳайати омӯзгорон, ҳамкории байналмилалӣ ва стратегияву тадбирҳое, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон метавонанд барои беҳтар кардани нишондодҳо ва пешрафт дар рейтингҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ намоянд, мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"