Рӯнамоии китоби тозанашри «Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»-и профессор Шоҳзамон Раҳмон дар Китобхонаи миллӣ
Дар толори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ" бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллӣ мизи мудаввар бахшида ба рӯнамоии китоби тозанашри «Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»-и профессор Шоҳзамон Раҳмон бо иштироки меҳмонон, кормандон ва як зумра пайвандону наздикони олим баргузор гардид.
Нахуст сухани ифтитоҳиро роҳбарияти Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, доир ба гирдоварии маводҳои профессор Шоҳзамон Раҳмонов ва паҳлӯи табъу нашри он ҳарф заданд.
Дар мизи мудавар як қатор меҳмонони китобшинос, узви вобастаи АМИТ, устодону профессори Донишгоҳи миллии Точикистон, Донишгоҳи технологии Точикистон, намояндагони Иниститути забон адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ иштирок ва суханронй намуданд.
Шоҳзамон Раҳмонов яке аз шахсиятҳои барҷастаи соҳаи адабиётшиносии муосир ба шумор меравад ва дар рушду шукуфоии ин соҳа саҳми муносиби худро гузоштааст. Маҷмӯаи мақолаҳои номбурда аз солҳои 1966 то соли 2021 таълим шудаанд. Имрӯз мо дӯстдорони илму адиби тоҷик бояд бо чунин олим-муҳаққиқ ва адабиётшиноси варзидаи кишвар ки барои равнақи илм ҷонбозиҳо менамояд, бифахрему қадр кунем, - қайд шуд дар идомаи мизи мудаввар.
Тавре зикр шуд, дар маҷмӯа унвони маводи интишоргардидаи олим ба забони асл ва тибқи стандарти пазируфта тасвир шудаанд. Мундариҷа ва муҳтавои асарҳои бузургҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шудаанд. Асарҳое, ки тавассути унвонашон дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои итилоотӣ комил гардидаанд. Китобнома дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва бойгонии олим Шоҳзамон Раҳмонов таҳия гардидааст ва чеҳари илмиву пажуҳишӣ ва самараи фаъолияти педагогию эҷоди ӯро равшан намуда, ба муҳаққиқону мутахассисон ва гуруҳи васеи мутолиакунандагон кумак хоҳад расонид.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ