image

Ҷаласаи кории МИҲД ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир ба рушди соҳаи маориф баргузор гардид

date_range19.06.2023, 10:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye213

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин доира муассисаҳои наву замонави бунёд гардида, нақшаву барномаҳои зиёде пайи амаланд.

Ҷаласаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлаттии ноҳияи И.Сомонӣ доир ба рушди соҳаи маориф, ки дар МТМУ рақами 12 баргузор гардид аз ҷумлаи чунин иқдомҳост. Дар ин ҳамоиш роҳбарияту намояндагони МИҲД ноҳия И.Сомонӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли маорифи ҳудуди ноҳия иштирок доштанд.

Дар идома доир ба арзишҳои фарҳангӣ, одоби муошират, қонунҳои амалкунанда, хусусан Қонуни ҶТ дар бораи таълиму тарбияи фарзанд, қонуни ҶТ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва рушди соҳаи маориф сухан рафт.

Бо такя ба суханони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Ифротгароӣ ва шомилшавии шаҳрвандон хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои аз мавзӯъҳои дигари ҳамоиш буд. Дар ин бора гуфта шуд, ки тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон имкон медиҳад, ки хатари гуруҳҳои терористиву экстремистиӣ бартараф гардад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"