image

Барномаи фарҳангӣ баҳри фароғати тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони №1

date_range19.06.2023, 13:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye274

Дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баҳри фароғати тарбиятгирандагон ташкил карда шуд.

Кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша таҳти сарапастӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор доранд. Дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе наздики 70 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирфита шуда, ҳамеша дар оғӯши ин боргоҳ бо шодиву нишот ва олами беғубори кӯдакӣ ба воя мерасанд.

Ба хотири хушҳолии ин хурдсолон дар Муассиса барномаи рангину хотирмон пешниҳод карда шуд. Нахуст ин тифлакон шеъру сурудҳои омоданамудаи худро пешкаши ҳамсолони худ карданд.

Бо мақсади хушҳолии тифлакон аз “Театри намунавии минятураи “Оина” назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ҳунармандон бо барномаҳои театиркунонидашудаи ҷолиб хотири ин тарбиятгирандагонро шод гардониданд. Хурдсолон аз тамошои ин саҳнаҳо ва маҳорати нақшофарии ҳунармандони ҷавон лаззат мебурданд. Табассум дар лабони ҳар яки онҳо ҳувайдо буд. Ҳунармандон афсонаи “Се бузича”-ро нақшофарӣ карданд, ки он аз ҳушёрӣ, зиракиву чолокӣ, якдилу якрӯ будан, тифоқ будан дар муқобили ҳамагуна мушкилот, роҳ надодан ба макру фиреб, таҳкими пояҳои дӯстиву рафоқат ва машғул будан ба варзишро талқин намуда, некиву накӯкориро ғолиби ҳамагуна амалҳои зишт ба кӯдакон таъкид менамуданд. Кӯдакон аз ширкати меҳмонон хушҳол буданд.

Дар Муассиса шароити зарурӣ барои ин тарбияятгирандагон муҳайё буда, масъулин кӯшиш менамоянд, ки онҳоро дар руҳияи эҳсоси худшиносӣ ва дӯст доштани ватану миллат тарбият намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ барои хурсандии кӯдакон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тӯҳфаҳои хотирмон ба тифлакон тақдим карда шуд.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"