Баргузории барномаи консертӣ дар Мактаби мусиқии №3-и шаҳри Душанбе
Дар толори Мактаби мусиқии №3-и шаҳри Душанбе бо иштироки устодону таълимгирандагони ин даргоҳ чорабинии зебои консертӣ доир карда шуд. Дар ин барномаи фарҳангӣ иштирокдорон ба ҳозирин санъату маҳорати хешро аз рӯйи навозандагӣ сарояндагӣ ва дигар намуди санъат нишон доданд.
Дар ин тадбир омӯзгорон, меҳмонон аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашараиф Ҷӯраев ва падару модарони хонандагон иштирок доштанд. Барномаи консертӣ хеле ҷолибу диданӣ аз ҷониби хонандагону омузгорони ин макони санъату ҳунар пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дар барномаи мазкур 8 суруд пешниҳод гардид. Сурудҳо аз ашъори шоирони классик ва муосир интихоб гардида, дар жанрҳои фалак ва анъанавӣ пешниҳод гардиданд. Сурудҳои «Модар», оҳанг аз ҳунарманди зиндаёд Зафар Нозимов, «Ба муаллим» - шеъри Ҳайдаршо, рубоиёти халқӣ ва «Дастони тоҷике» шеъри Ато Мирхоҷа аз ҷониби хонандагон ва ансамбли навозандагон хеле хуб садо доданд.
Дар интиҳо масъулини мактаби мазкур омӯзгорон ва хонандагонро барои таҳияи барномаи хуби фарҳангӣ табрику шодбош гуфта, ба роҳбари бадеии ин гуруҳи хонандагон Корманди шоистаи ҶТ ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Исмоил Назриев ифтихорнома супориданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ