image

Тақвияти тадбирҳои иттилоотонӣ ҷиҳати пешгирии наврасон аз ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо

date_range19.06.2023, 13:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye268

Бо оғози мавсими оббозӣ аксари шаҳрвандон барои истироҳату фароғат майл ба оббозӣ дар ҳавзу кӯл ва дарёҳоро намуда, баъзан аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва ё интихоби нодурусти макони оббозӣ дучори хавфу хатар мегарданд. Дар аксар маврид аз беаҳамиятии калонсолон, бахусус волидайн кӯдакон дар маконҳои номуносиб ва хатарнок ба оббозӣ машғул мегарданд, ки баъзан боиси ғарқ ва ҳалок шуданашон мегардад. Намояндагони МИҲД н.Фирдавсӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида, барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувору хавфнок талош мекунанд.

Бо мақсади наҷоти шаҳрвандон аз ғарқшавӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои фоҷеабори он кормандони сохторҳои марбутаи ноҳияи Фирдавсӣ дар ин мавзеъ бо сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида дар ин маврид онҳро огоҳ менамояд, ки дар ҷойҳои хатарнок ба шиноварӣ машғул нашаванд ва ҳангоми шино кардан қойдаҳои бехатариро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд. Аз волидону пайвандон ва ҷавонон тақозо менамоянд, ки фарзандони ноболиғи худро назорат намуда, аз оббозӣ дар ҷойҳои номумкин худдорӣ кунанд.

Инчунин, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва марговар аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони худро беназарот нагузоранд ва ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошанд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"