Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснулин
ш.Душанбе. 19.06.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснулин ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.
Дар оғози сӯҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз таъин гардидани Марат Ҳуснулин ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти муҳими комиссияи мазкурро дар танзиму пешбурди самараноки муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо таъкид карданд.
Зимни мулоқот самтҳои асосии дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зикр гардид, ки рушду тавсеаи мунтазами муносибатҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия ва зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, тақвияти робитаҳои байни минтақаҳо, ҷалби сармояи мустақим дар раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, густариши робитаҳои фарҳанигиву гуманитарӣ ва муҳоҷират мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамсуҳбати худро ба раванди рушду нумӯи шаҳри Душанбе ва дигаргуниҳои куллие, ки солҳои охир дар пойтахти кишвари азизамон ба вуқуъ пайвастанд, ҷалб сохта, фаъолгардонии ҳамкориро дар сатҳи пойтахтҳои ду кишвар аз самтҳои афзалиятнок маънидод намуданд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ