Мулоқот дар МИҲД ноҳияи Сино бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Дар доираи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино мулоқоти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибон, ҷавонони фаъол, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар фаъолони ноҳияи Сино баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баромад намуда, ҷашни Ваҳдати миллиро яке аз ҷашнҳои муқаддасу сарнавиштсоз арзёбӣ карда, таҷлили ин рӯзи муқаддасро шукргузорӣ аз оромӣ ва ваҳдати сартосарии кишвар маънидод кард.
Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён саҳми Пешвои миллатро дар барқарор намудани сулҳ дар давраи ҳассосу нобасомонҳо ёдовар шуда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён таъкид доштанд.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба даст овардани Ваҳдати комил тамоми баҳшҳои ҳаётан муҳими кишвар, ки дар ҳоли нестшавӣ буданду кишварро хатари ноумедиҳо фаро гирифта буданд, бо дастгириву ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар рушд карда, Тоҷикистон ба кишвари воҳид табдил дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин дастовардҳои Ваҳдату истиқлоли кишвар дар ҳудуди ноҳия ва шаҳр зикр гардида, нақши Сарвари оқилу кордон дар сарҷмъии миллат ва умед ба ояндаи кишвар бузургу муассир арзёбӣ карда шуд. Фаъолони ноҳия низ аз хизматҳои Пешвои Миллат дар роҳи расидан ба Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин неъмати бебаҳо тавассути шеру сухан иброз доштанд.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ