image

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚА ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

date_range21.06.2023, 11:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye337
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2023, №248 дар бораи баргузори мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 95 даста бо фарогирии 1425 нафар кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷуразода Дилшод, Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумиати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Муҳаммадтолиб, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидзода Саидҷалол, муовини Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Исо Бафоев, муовини директори муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе Аловуддини Аваз, директори мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 10 оид ба футбол Худжамов Субҳон ва дигар роҳбарони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.

Дар байни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва ташкилоту муассисаҳо дар категорияи аз 22 сола боло дастаи раёсати Қушунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, дастаи ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” сазовори ҷойи дуюм ва дастаи муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Миёни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар категорияи аз 22 сола боло дастаи ҶСК “Ориёнбонк” сазовори ҷойи якум, дастаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Инчунин дар байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои аз 45 сола боло дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” сазовори ҷойи якум, дастаи ҶДММ “Абубакр” сазовори ҷойи дуюм ва дастаи ҶДММ “Лазиз” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ба ғолибони ҷойи якум Ҷом, медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 17000 сомонӣ, ҷойи дуюм медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 15300 сомонӣ ва ҷойи сеюм медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 13600 сомонӣ тақдим карда шуданд.