image

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши идона баргузор шуд

date_range21.06.2023, 15:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye227

Бахшида ба 26 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки раиси ноҳия Гуреззода Умед ва аъзои корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдати Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, Ҳусейнов Бойалӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – кафили сулҳу ваҳдати миллӣ» баргузор шуд.

Дар кори ҳамоиш инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия ширкат намуданд. Зимни баромади роҳбарияти ноҳия таъкид шуд, ки маҳз бо нерӯи бузурги фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти давраи нобасомониҳо паси сар гашта, Тоҷикистон ба хонаи сулҳу ваҳдат табдил ёфт ва дар арсаи байналмиллалӣ соҳибнуфуз гардид.

Дар кори ҳамоиши ноҳиявии «Пешвои миллат – кафили сулҳу ваҳдати миллӣ» инчунин аъзои корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдати Тоҷикистон Ҳусейнов Бойалӣ баромад намуда, иброз дошт, ки моро зарур аст, ки моҳияти ин санаи таърихиро ба насли ҷавони кишвар ҳамеша фаҳмонем ва ба онҳо пайваста доир ба сулҳу ваҳдат андеашронӣ намоем.

Ҳамзамон нотиқони ҳамоиш бо қаноатмандӣ афзуданд, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"