image

Анҷоми Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 2023

date_range22.06.2023, 09:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye249

Мусобикаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 2023 ба анҷом расид. Дар рақобати финалии мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Эрон кишвари мизбон Ӯзбекистонро шикаст доду ғолиб дониста шуд.

Дар бозии ниҳоӣ тими Эрон бар яккачини Ӯзбекистон пирӯз шуд - 1:0. Муаллифи голи ягона Сардор Озмун гардид. Дар рақобат барои ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Уммон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Дар маросими ҷоизасупорӣ президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Абдусалом Азизов, ноиби аввали президенти АФӮ Равшан Эрматов ва дабири кулли CAFA Улуғбек Каримов ширкат карданд.

Дар натиҷаи мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» насиби тими миллии Ӯзбекистон гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқа ва беҳтарин бозингарро ҳамлагари эронӣ Меҳди Торемӣ (6 гол) ба даст овард. Беҳтарин дарвозабони мусобиқот дарвозабони тими миллии Уммон Иброҳим Солеҳ Ал-Муҳайнӣ дониста шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"