image

“Масоили бунёди таҳсилоти миллӣ”. Баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

date_range23.06.2023, 13:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye195

Дар толори Литсейи №4 бо ибтикори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Масоили бунёди таҳсилоти миллӣ” ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, ки иштирокчиён дар кори он аз рӯи мавзӯҳои “Инъикоси мафкураи миллӣ дар китобҳои дарсӣ”, “Низоми ташхиси шакли муайяни дараҷаи салоҳиятҳои калидии мактаббачагони хурдсол” ва дигар мавзӯҳои ҷолиби диқат маърӯза карданд.

Зимни суханронии иштирокдорон таъкид карда шуд, ки воқеан 27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави таърихи худ қадам ниҳод. Ваҳдат нишонаи оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад.

Дар идома гуфта шуд, ки Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданаст. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон мебошад.

Таъкид гардид, ки Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Маҳз ин хама тинҷиву ором ива ваҳдату якдилист, ки имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"