image

Ҷамъбасти даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range23.06.2023, 14:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye236

Китоби Тоҷикон яке аз асарҳои пурарзишу мондагор ба шумор рафта, дар он тамоми паҳлуҳои таърихи пурғановати халқи тоҷик ва муборизаву талошҳояш барои пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ аз аҳди бостон то замони мо дар асоси пояҳои консепсияи илмӣ таҳлилу таҳқиқ гардида, зиндагиномаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июли соли 2022 ба тасвиб расидааст, ҷомеаи кишварро алакай ба худ ҷалб кардааст.

Дар даври аввали озмун дар ноҳияи Фирдавсӣ 14 ҳазору 740 нафар хонандагону омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 344 нафарашон ба даври дуюми озмун яъне даври ноҳиявӣ роҳ ёфтанд. Бояд гуфт, ки аз шумораи довталабоне, ки ба даври ноҳиявӣ роҳхат ёфта, 24 нафар ғолиб гардиданд. Аз шумораи ғолибон 4 нафарашон ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм, 12 нафар ҷои сеюм ва 9 нафари дигар сазовори ҷойҳои ифтихори шуданд.

Баъди ҷамъбасти даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», дар ноҳияи Фирдавсӣ маросими қадрдонии ғолибони дар вазъияти тантанавӣ баргузор шуд. Дар расми қадрдонии ғолибон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок карда, ба ин нафарон туҳфаҳои таъсисдодаи мақомотро дастрас намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки мавзӯи шинохти таърихи қадиму муосири халқи тоҷик дар меҳвари суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи тамоми табақаҳои ҷомеа ба омӯзиши асарҳои таърихӣ чунин озмунҳо ва тадбирҳои дигари муассир ба роҳ монда мешаванд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"