image

Як гурӯҳ хонандагони Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе аз Олимпиадаи байналмилалии шаҳри Лондон бо натиҷаҳои назаррас ба Ватан баргаштанд

date_range29.06.2023, 10:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye251

Аз санаи 18-ум то 25-уми моҳи июни соли равон дар шаҳри Лондони Англия Олимпиадаи байналмилалӣ “Тин игл” аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Дар ин сабқати зеҳнӣ аз Тоҷикистон 27 нафар хонандагону омӯзгорони Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе иштирок намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки хонандагони мактаби мазкур бори аввал дар чунин Олимпиадаи сатҳи баланд ширкат намуданд. Бо ибтикори масъулини мактаби номбурда дар таълимгоҳи мазкур бо иштироки хонандагону омӯзгорон ҷамъомади хотирмон баргузор гардид. Тавре маълум шуд 15 нафар хонанда аз ҷумла 4 нафар мақоми дуюм ва 11 нафар зинаи сеюмро касб намуданд. Лозим ба таъкид аст, ки дар Олимпиадаи баргузоргардида нақши омӯзгорон назаррас мебошад.

Тавре дар ин ҷамъомад масъулин ва омӯзгорон иброз доштанд муваффақияти хонандагон, ки аксарияти онҳоро хонандагони синфҳои 2-то 4 ташкил медиҳанд, барои дигар муҳассилини таълимгоҳ намунаи ибрат хоҳад шуд. Ва маъмурияти мактаб ҳам дар оянда саъю талош меварзанд то сатҳу сифати таълиму тадрисро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда ба ин васила иштироки зиёди хонандагонро дар дигар Олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ таъмин намоянд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"