Дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ ва варзишӣ таҳти унвони «Корвони зидди мухаддиротӣ» баргузор гардид
Дар майдони «800 солагии Москва»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ таҳти унвони «Корвони зидди мухаддиротӣ» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири ИМА дар Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои хориҷӣ ва ҷаъмиятӣ, олимону муҳақиқон, ҷавонон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии пойтахт, варзишгарон, меҳмонон ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба чорабинии мазкур аз санаи 2-юм то 26-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат силсилачорабиниҳои пешгирикунандаи нашъамандии маърифатию фарҳангӣ ва варзиширо таҳти унвони «Корвони зиддимухадиротӣ-2023» баргузор гардид ва имрӯз даври ҷамбастии он дар шаҳри Душанбе доир гардид.
«Корвони зиддимухадиротӣ-2023» чун солҳои қаблӣ аз маҷмуи чорабиниҳо аз қабили футбол, волейбол, тенниси рӯи миз, гӯштини тарзи озод, тейквондо ва баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ роҳандозӣ карда шуда, ғолибон бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардидаанд.
Ҳамазамон дар чорабинии зикргардида озмуни расми беҳтарин баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии расомии ба номи Мирзораҳмат Олимов расму мусаввараҳои тарғибкунандаи зидди маводи нашаъаовар пешниҳоди тамошобинон гардонида шуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон расми беҳтарин муайян ва ғолибони он бо мукофот ва сипоснома сарфароз гардонида шудаанд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи баргузории чорабинӣ дар шаҳри Душанбе саннаи 25-уми июни соли ҷорӣ дар байни ҷавонон ва варзишгарони муасисаҳои варзишӣ мусобиқа дар риштаи Тейквондо ИТФ баргузор гардида дар он зиёда аз 100 нафар варзишгар дар вазнҳои гуногун иштирок намуда миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ҷамъбастии чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ғолибон бо диплом, ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти нашъа ва нашъамандӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои фоҷиабори суиистемоли он мебошад. Дар бахши фарҳангию фароғатии чорабинии мазкур намоишномаи театрӣ ва барномаи консертӣ намоиш дода шуданд, ки ба иштирокчиён руҳу илҳоми тоза бахшиданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ