image

Натиҷагирӣ аз 15 соли фаъолият. Саҳми «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар соҳибкасб намудани шаҳрвандон

date_range30.06.2023, 10:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye233

Дар 15 соли фаъолият Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 500 ҳазор шаҳрвандро дар курсҳои кӯтоҳмуддат соҳибкасб намудааст, ки 33,6% -и онҳо тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саҳми Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар соҳибкасб намудани аҳолӣ» иттилоъ дода шуд.

Дар чорабинӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти 15-солаи Марказ ва саҳми он дар амалишавии барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, нақши низоми таҳсилоти калонсолон дар таъминоти кадрии соҳаи хизматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон, рушди низоми омодасозии кадрҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», нақши он дар танзими системаи таълими калонсолон ва ғайра маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.

Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» айни замон бо фарогирӣ аз 34 филиал, шаҳрвандонро аз рӯи 110 касбу ихтисос омода намуда, ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"