Баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳри Ваҳдат дар боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ
Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бағҳои фарҳангу фароғатии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тамоҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба роҳ монда шуда, баргузории ин тадбири муҳим дар самти рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъмини фурӯши маҳсулоти кишварзӣ бо нархи дастрас ба сокинони шаҳри Душанбе заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Ин навбат масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар боғи фарҳангу фароғати ба номи Мир Алишери Навоӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тамоҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабиро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт - шаҳри Душанбе гардониданд. Саҳн ва атрофи ин боғ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли корхонаву муассиса ва маҳсули дасти сокинони шаҳри Ваҳдат оро дода шуда буд.
Дар намоишгоҳ маҳсули ҳунарҳои дастӣ аз қабилӣ зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва дигар нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, чӯбтарошӣ, ва дигар дастовардҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва анвои гуногуни хӯроки миллӣ ба маъраз гузошта шуда буданд.
Дар ин намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва дигар намояндагони мақомати марбутаи кишвар, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз маҳсули намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии сокинони шаҳри Ваҳдат боздид намуданд. Ҷойи таъкид аст, ки ин тадбир дар самти густариши соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳагии кишвар мусоидат менамояд.
Дар гӯшаи дигари ин боғи дилоро дастовардҳои ноҳия дар соҳаи варзиш ба намоиш гузошта шуда буданд. Мавриди зикр аст, ки бо дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар тамоми соҳҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла соҳаи варзиш рушду нумуъ ёфта, дар шаҳри Ваҳдат низ сохтмони муассиса ва майдонҳои хурду бузургӣ варзишӣ ба роҳ монда шуда, варзишгарони ин шаҳр дар мусобиқаҳои варзишии дохил ва хориҷи кишвар парчамбардори ин давлат мебошанд.
Дар гӯшаи дигари ин макон кишоварзони шаҳри Ваҳдат маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти гуштӣ ва дигар маҳсули ниёзи мардумро бо нархҳои нисбат ба бозори истеъмолӣ арзон ба фурӯш гузоштанд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз аз ҷониби санъаткорону ҳунармнадони шаҳри Ваҳдат дар боғи фарҳангу фароғати ба номи Мир Алишери Навоӣ барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Ваҳдат дар пойтахти кишвар миннатдории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Душанберо расонид.
Ҳамзамон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат аз истиқболи самимии сокинони пойтахт ва боздид аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Ваҳдат ба сокинон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба хотири дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин чорабинӣ тақдим гардид. Аҳли ҳунари шаҳри Ваҳдат бо иҷрои суруду таронаҳои тараннумгари Ватан, Модар, Тоҷикистон, Душанбе хотири иштирокчиён ва меҳмонону сокинони пойтахтро шод гардониданд.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ