image

НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023

date_range04.07.2023, 13:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye168

Имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳисоботии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар шаш моҳаи аввали соли 2023 доир гашт. 

Дар ҷаласа роҳбарони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони литсейу гимназияҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дигар кормандони соҳат маорифи пойтахт ширкат намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар шаш моҳи сипаригаштаи соли равон шунида шуд.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"