Машварати омӯзишӣ барои кормандони вазорату идораҳо доир ба масъалаи обу иқлим
Тӯли як ҳафта дар шаҳри Душанбе барои мутахассисони Вазоратҳои энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обиёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳои илмии донишгоҳҳо курси омӯзишӣ бо иштироки шарикони рушд баргузор карда мешавад.
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки мутахассисони Вазоратҳои энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обиёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳои илмии донишгоҳҳо дар доираи татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи об “Нексус”-яъне дар мавзӯи ҳамбастагии об, энергетика, озӯқаворӣ ва ҳифзи табиат курси омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз гузаронидани курс ин омӯзонидани мутахассисони на танҳо соҳаи об, балки соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва ҳифзи табиат оид ба истифодабарии захираҳои обӣ барои қонеъ кардани талаботи соҳаҳои асосии кишвар-яъне таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва амнияти экологӣ мебошад. Лозим ба таъкид аст, ки бори аввал аст, ки барои сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лоиҳа тадбирҳои омӯзишӣ баргузор намуд.
Дар курси омӯзишӣ, ки барои мутахассиони соҳаҳои номбурда гузаронида мешавад, муҳтавои масъалаҳои чӣ тавр бояд соҳаҳо дар ҳамбастагӣ кор кунанд ва он масъалаҳое, ки дар соҳаҳо ҳаст пеш баранд дар бахшҳои алоҳидаи машварати имрӯза мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Қандил Мардонов
ТВ Душанбе
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ