image

«Имкониятҳои саёҳатии Душанбе: таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва таъмини устувории онҳо». Баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ вобаста ба ин мавзӯ

date_range05.07.2023, 09:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye225

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати сайругашти меҳмонон ва сокинони пойтахт ва муайян намудани самти мушаххаси сайёхҳат тавассути ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои саёҳатии Душанбе: таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва таъмини устувории онҳо» баргузор гардид.

Дар конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод суханронӣ намуда, доир ба имкониятҳои саёҳатии шаҳри Душанбе, муаррифии онҳо ва ташкили хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ибрози назар карданд.

Конференсия дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №631 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026» бо дастгирии бевоситаи Раиси шахри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, осорхонахо, боғу гулгаштҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносони соҳа ва васоити ахбори омма иштирок варзиданд.

Дар идомаи Конференсия аз ҷониби мутахассисон муҳаққикону коршиносон маърӯзаҳои илмӣ шунида шуд. Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокчиён муҳокимаҳо сурат гирифта, таклифҳо доир ба таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва таъмини устувории онҳо дар пойтахти кишвар пешниҳод карда шуд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"