image

Имтиҳоноти қабул дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов

date_range05.07.2023, 09:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye285

Низоми наву мукаммали имтиҳонсупорӣ барои муассисаҳои олии касбӣ - дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов дар асоси тартиботи ҷории Маркази миллии тестӣ, баъди марҳилаи бақайдгирии довталабон, аз оғози моҳ имтиҳонгирӣ оғоз гардид, ки он то 8-уми июл давом мекунад. Имтиҳонҳои маҳорати ҷисмонӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов аз рӯи усули муосир бо такя ба донишу малакаи ҳар як довталаб шаффоф амалӣ мегардад.

Машғулияти ҳадафнок, мақсади муайян ва натиҷа. Дар давраи омодагӣ ва машғулиятҳои пайвастаи ҷисмонӣ варзишгарони оянда маҳорату ҳунари худро, аллакай аз имтиҳоноти қабул бо натиҷаҳои назаррас муаррифӣ мекунанд.

Имтиҳоноти қабул дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов бо назардошти талаботи хоси худ, аз субҳи барвақт сурат гирифта, аз рӯи 2 намуд гимнастика ва варзиши сабук, имсол дар асоси 5 талаботи меъёрӣ амалӣ мегардад.

Дастовардҳои варзишгарони тоҷик то рафт ҳавасмандӣ ва хоҳиши ҷавононро ба варзиш бештар мегардонад, ин аст, ки шумораи довталабон низ барои идомаи таҳсил дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов зиёд аст. Чолокӣ ва маҳорат – имтиҳонсупорӣ дар ин муассисаи олии варзишӣ усул ва услуби хосро талаб мекунад, ки истифодаи дуруст ва саривақтии он омили асосии қабулшудани довталаб ба Донишкада мебошад.

Дар раванди имтиҳоноти қабул, ки аз рӯи давраҳои муайян ҷараён мегирад, дар баробари талаботи хоси имтиҳонҳои маҳорати ҷисмонӣ, довталабон ҳамзамон дар Маркази миллии тестӣ аз рӯи низоми имтиҳонсупории марказонидашуда, дар имтиҳонот иштирок менамоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"