Сабаби хуруҷи бемориҳои кӯдакона дар фасли тобистон
Дар фасли тобистон авҷи бемориҳои сироятӣ ба монанди домана, исҳоли хунин, салманеллёз ба чашм мерасад, ки маъмултарини онҳо бемории дарунравӣ мебошад. Бо кадом роҳ ва усул мо метавонем худ ва наздиконамонро аз хатари ин беморӣ нигоҳ дорем.
Бино ба маълумоти табибон сабаби хуруҷи бемории дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафиллококҳо ва амсоли инҳо ба организми инсон ворид гардида, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди рӯдаю меъда шахсро мубтало мекунанд. Маълум аст, ки аксаран сабаби бемории дарунравӣ дар фасли гармои тобистон истеъмоли меваю сабзавоти ношуста, истеъмоли ғизо бо дастони ношуста ва амсоли инҳост, зеро риояи гигиенаи шахсӣ новобаста аз фасл бояд ҳамеша риоя гардад.
Бемории дарунравӣ гузарандабуда, метавонад ба шахси солим гузарад. Роҳҳои гузариш мухталиф буда, ба воситаи алоқа бо бемор ё ин ки бо шахси ҳомили ин беморӣ сурат мегирад. Инчунин ҳангоми истифодаи зарфҳои бемор ва истеъмоли оби ноҷӯшонида ба организми одами солим гузарад.
Дар вақти пайдошавии ин гуна беморӣ шахс ҳатман бояд ба мутахассисон муроҷиат намояд. Ба маслиҳати онҳо ба таври ҷиддӣ муносибат карда, табобатро сари вақт гирад. Агар табиби оилавӣ тавсияи дар беморхона бистаришавиро диҳад, рад накарда, табобати статсионарӣ гирифтан ҳатмист, тозагии худ ва гирду атрофро риоя кардан ҳамчунин зарур аст. Риояи гигиенаи шахсӣ низ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс аст. Бояд дар хотир дошт, ки ҳар як шахс мувофиқи талаботи маркази санитарию эпидемиологӣ бояд дар шаш моҳ ё як сол як бор аз муоинаи тиббӣ гузарад. Дар натиҷаи риояи қоидаҳои зикргардида, ҳар як шахс саломатии худ ва атрофиёнро нигоҳ медорад.
М.Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ