image

Ҷалби 150 нафар кӯдак дар басти аввали истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Обшорон»

date_range06.07.2023, 14:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Истироҳатгоҳи «Обшорон» бо иқдоми масъулини иттифоқҳои касабаи мустаъқили Тоҷикистон комплекси Агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, ба он 150 нафар насли наврас аз шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи вилояти Хатлон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Дар толори фарҳангии истироҳатгоҳи номбаршуда 4 гуруҳ кӯдакону наврасон ба маҳфилҳои адабию фарҳангӣ ҷалб гардида, онҳо шеъру чистон ва саҳначаҳои мухталифи тарбиявӣ гузаронида, ба ин васила истироҳати хешро хушу гуворо мегузаронанд.

Дар ин макон барои истироҳаткунандагон шароити хубу мусоид муҳайё карда шудааст. Барои насли наврас дар истироҳатгоҳи мазкур 4 вақт хӯроки гарм дода мешавад, ки ин шароит ба кӯдакону наврасон мақбул мебошад. Дар ин хусус истироҳаткунандагон Абӯбакр Назаров аз шаҳри Турсунзода ва Зӯҳро Сафарзода аз шаҳри Душанбе чунин андеша доранд.

Инчунин барои истироҳаткунандагон хобгоҳҳои замонавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва 3 ҳавзи шиноварй мавҷуд аст, ки аз онҳо насли наврас истифода карда, 12 рӯз истироҳати босамар намуда, дар озмунҳои маликаи Обшорон ва паҳлавони Обшорон ширкат варзида малака ва маҳорати хешро месанҷанд ва ба соли нави таҳсил ҳаматарафа омода мешаванд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"