image

ТАВАҶҶУҲ БА МАЪЮБОН ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

date_range07.07.2023, 08:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye255

Санаи 6-уми июли соли 2023 дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи маъюбон” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи милии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо оростани дастурхони идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод, Қурбонзода Убайдулло – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раҷабова Салима – муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ Мирзозода Иброҳим Холмурод суханронӣ намуда, иброз намуд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад ва пайваста дар ин самт аз ҷониби Роҳбари давлат новобаста аз иду ҷашнҳо корҳои муҳимму назаррас анҷом дода мешавад.

Инчунин гуфта шуд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қарор дошта, ҳизби мо пайваста дар ин самт иқдомоти мухталиф, аз ҷумла роҳандозии чорабиниҳои идона, аёдати ва дастгирии онҳо дар арафаи иду ҷашнҳоро рӯйи даст мегирад ва ба ин васила саҳми худро дар ҳавасмандгардонӣ, тавонбахшӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо мегузорад.

Дар идома барои ҳамкориҳои судманд ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сипосномаи Китобхонаи милии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Дар охир баҳри болидарӯҳии бошандагони марказ барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур гардид, ки хотири ҳозиринро шод намуд.

Файзов Теҳрон

"ТВ Душанбе"