image

Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе

date_range07.07.2023, 11:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye497

Ҳамасола 8-июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад. Дар доираи таҷлили бошукӯҳи ин рӯз масъулини Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанберо аёдат намуданд.

Дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Рӯзи маъюбон ва пиронсолон муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба аёдати бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардида, ба онҳо кумаки яквақтаинаи хешро расонидан.

Зимни аёдат муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сухан баромада иброз дошт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад ва пайваста дар ин самт аз ҷониби Роҳбари давлат новобаста аз иду ҷашнҳо корҳои муҳиму назаррас анҷом дода мешавад.

Гуфта шуд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо дар меҳвари Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қарор дошта, ҳизби мо пайваста дар ин самт иқдомоти мухталиф, аз ҷумла роҳандозии чорабиниҳои идона, аёдати ва дастгирии онҳо дар арафаи иду ҷашнҳоро рӯйи даст мегирад ва ба ин васила саҳми худро дар ҳавасмандгардонӣ, тавонбахшӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо мегузорад. Ҳамзамон, чанде аз бошандагони марказ баромад карда, изҳори сипоси худро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён доштанд.

Дар идома ба пиронсолону маъюбони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе туҳфаҳои идона тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.

Дар охир баҳри болидарӯҳии бошандагони марказ барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур гардид, ки хотири ҳозиринро шод намуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"