Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Русия дар бахшу соҳаҳои гуногун густариш ёфтааст. Маросими расмии кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 7-уми июл дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид ва сипас баромади ҳунарманди мардумии Федератсияи Русия, пианиннавоз Денис Мацуев пешкаши аҳли толор гардонида шуд.
Ҳунармандони соҳибистеъдоди Федератсияи Русия дар ҳайати пианиннавози машҳур Денис Мацуев, ансамбли давлатии академии «Налмэс»-и ҷумҳурии Адыгея дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷолиберо пешкаши ҳаводорони санъат мегардонанд.
Дар доираи сафари ҳунарии худ ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи Вазорати фарҳанги Федератсияи Русияро ифтитоҳ намуда, ҳамзамон гуфтушуниди байни Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро гузарониданд.
Дар асоси барномаи ҳунарии ҳайати Федератсияи Русия, рӯзи 10-уми июл дар шаҳри Хуҷанд барномаи ҳунарии санъаткорон оғоз гардида, 11-уми июл ҳунарнамоии онҳо дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ пешкаши мухлисон мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз», Боғи «Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дидан менамоянд.
М.Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ