image

Истиқбол аз Истиқлол. Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯш ва барномаи рангини шаҳри Турсунзода баргузор гардид

date_range10.07.2023, 11:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye276

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар майдони «Боғи кӯдакон»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода доир гашт.

Дар ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кишоварзону деҳқонон ва сокинону истиқоматкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

Дар намоиш-фурӯши мазкур маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, қаламфури булғорӣ ва дигар навъҳои сабзавот, меваҳои шаҳдбор, тарбузу харбуза ва зироати ғалладонагӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардиданд. Масъулин изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар соли 2023 шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Дар қисмати дуюми рӯз дар ин макон, яъне Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву адабии шаҳри Турсунзода доир гашт. Намояндагон дар оғоз аз намоишщи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии шаҳр боздид карданд. Ҳунармандони шаҳр маҳсули дасти худро дар саҳни боғ моҳирона оро дода буданд ва сокинону меҳмонон аз онҳо диданд. Дар ҷараёни намоиши ҳунарҳои марудмӣ ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор ҳунарҳои пӯхтани маҳсулоти нонӣ, омодакунии таъомҳои миллӣ, қолинбофӣ, пиликбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурзанӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастии худро муаррифӣ менамоянд.

Дар идомаи чорабинӣ дар амфитеатри Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт. Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баҳри дар сатҳи баланд доир намудани ярмаркаи кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ҳамчунин раиси шаҳри Турсунзода низ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати фароҳам намудани шароити мусоид дар баргузории чорабинӣ сипоси худро баён дошт. Сипас барномаи рангини консертии аҳли ҳунар ва санъати шаҳри Турсунзода пешниҳоди сокинону меҳмонон гардид.

Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"