image

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд ҷамъбаст гардид

date_range10.07.2023, 13:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye310

Давоми ду ҳафта боз бо ибтикори Кумитаи иҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд миёни 8 дастаи наврасону ҷавонони пойтахт идома ёфта, инак он ҷамъбаст гардид.

Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Иқбол бар дастаи Арена ғалаба ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи мазкур гардид.

Дар ҷараёни маросими ҷойизасупорӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва директори Муассисаи давлатии Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 10 оид ба футбол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз доир намудани чунин мусобиқаҳо байни ҷавонону наврасон ин пеш аз ҳама ташаккули тарзи ҳайёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ ва бадин васила ба даст овардани комёбиҳо дар соҳаи варзиш мебошад.

Дар фарҷом ба омӯзгорони соҳаи варзиш барои саҳм гузоштан дар корҳои ҷамъиятӣ ва рушди соҳаи варзиш ифтихорнома супорида шуда, ба ғолибони ҷойҳои сеюм, дуюм ва якум диплому ифтихорнома, медал ва ҷом супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки масъулини Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе пайваста чунин чорабиҳои варзишию фарҳангиро дар ҳудуди пойтахт бо ҷалби ҷавонони фаъол доир менамоянд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"