image

Таъмири ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансур

date_range10.07.2023, 13:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye246

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ давраи таътили тобистонаи хонандагон бо маром идома дорад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии мамлакат бошад, корҳои ободонию созандагӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсили 2023-2024 дар сатҳи хуб ҷараён дорад.

Аз ҷумла дар таълимгоҳи №21-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи номбаршуда, корҳои таъмиру таҷдид аз санаи 28-уми моҳи июн оғоз гардида, айни замон сохтмончиён дар 2-бинои муассиса ба корҳои рангу бор ва сафедкунӣ инчунин насб намудани сафолакҳо дар деворҳои иншоот машғул мебошанд. Бинокорон дар муддати 10-рӯз тавонистанд 50-60-фоизи корҳои таъмиру тармимро ба охир расонанд. Роҳраву тирезаҳо ва зинапояҳоро хушсифат таъмир ва рангбору ороиш додаанд.

Дар муассиса 42 кабинет мавҷуд мебошад, ки 37-адади онро синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ ташкил медиҳад. Аксари онҳо бо курсию мизҳояшон таъмиру тармим гардида, толори варзишӣ низ хушсифат таҷдид шудааст.

Бинои муассиса барои 2,600 талаба дар ду баст бунёд гардидидааст. Корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи онро фирмаи сохтмонии "Таҳҷизот-мебел" ба зиммаи худ дорад. Бинокорон ва масъулини фирмаи мазкур тасмим гирифтанд, ки корҳои таъмиру таҷдиди муассисаи таълимии №21-уми шаҳри Душанберо то санаи 1-уми августи соли равон пурра ба анҷом мерасонанд. Ва хонандагону омӯзгорони таълимгоҳ соли нави таҳсилро дар синфхонаҳои тозаи барҳавои муосир хушу хурсандона истиқбол менамоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"