Сайёҳати гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ВМКБ ба шаҳри Душанбе
Бо ибтикори МИҲД-и шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз мавзеҳои сайёҳӣ ва таърихии шаҳри Душанбе дидан карданд.
Осорхонаи миллӣ яке аз ҷойҳои тамошобоб ва иншооти муҳими сайёҳии Тоҷикистон буда, ҳамасола шумораи зиёди тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ аз он дидан менамоянд. Ба ин мақсад нахуст, толибилмон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Аснои боздид, роҳбаладони осорхона кӯшиш мекарданд, ки ба насли наврас бо забони содаву равон маълумтҳои ҷолибро оид ба нигораҳои дар Осорхонаи миллӣ ҳифзу нигаҳдоришаванда, пешниҳод намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” - яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангии кишвар буда, дар ҷодаи фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе нақши муассир дорад.
Пас аз боздид аз Осорхонаи миллӣ, хонандагон дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ аксҳои хотиравӣ гирифта, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат ва пойдории сулҳу субот бо ба забон овардани шиори “Тоҷикистон ба пеш” роҳ пеш гирифтанд ҷониби Майдони Истиқлол.
Аснои ҳаракат дар ин масир хонандагон аз ҷониби роҳбаландон аз иншооту биноҳои таърихию фарҳангии дар ин самт қарордошта маълумоти муфассалу мукаммал гирифтанд.
Пас аз боздид ва гирифтани аксҳои хотиравӣ дар Майдони Истиқлол сайёҳати хонадагони муасисаҳои таълимии ҳудуди ВМКБ бо бардошти таасуроти бою рангин ва шиносоӣ бо мавзеъҳои сайёҳи, фарҳангӣ ва таърихии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ