image

Ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023

date_range11.07.2023, 17:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-июни соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи “Ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи “Ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023” Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ифтитоҳ бахшида, он бо ишитироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозу амонатҳои Тоҷикистон, роҳбарони Ассотсиатсияи бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, роҳбарони бюроҳои таърихи қарзи иштирок доштанд.

Пеш аз ҳама, дар ҷаласаи зикршуда вазифаҳои мушаххас, аз ҷумла дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” вобаста ба таҳия, ташкил ва таъмини инфрасохтори зарурӣ ва ҳамгироии он бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ барои ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои муздноки давлатӣ аз 1 августи соли 2023, таъмини иҷрои саривақтии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, иҷрои саривақтии Стретегияи рушди фаъолият барои солҳои 2022-2026, дар сатҳи устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, сари вақт таъмин кардани иқтисодиёт бо маблағҳои қарзӣ дода шуданд.

Тавре дар ҷаласа гуфта шуд, аксарияти вазифагузориҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ гузошташуда таъмин гардида, нишондиҳандаҳои устувори молиявии низоми бонкӣ рӯ ба афзоиш ёфтанд.

Теҳрон Файзов 

"ТВ Душанбе"