Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуълаи умед”
Дар толори Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷиктрансгаз” Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуълаи умед” баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарияти ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ ширкат варзиданд.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуълаи умед”, ки дар назди ҶСК “Тоҷиктрансгаз” амал мекунад, 3 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳисоботи ташкилоти ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбари гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз 23-уми майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва масъалаҳои ташкилӣ мавзӯҳои баррасишудаи кори маҷлис буд.
Дар ҷаласа масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуълаи умед” оид ба фаъолияти корӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дод. Зикр шуд, ки ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб як қатор чорабиниҳои сиёсии тарғиботӣ ва ташвиқотиро баргузор намуд.
Инчунин, бо мақсади иҷрои банди дахлдори нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ дар ин давра бо иштироки раиси ташкилот ва сарпарастии ташкилоти ибтидоӣ аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур 4 маротиба соатҳои сиёсӣ оид ба риояи ҳатмии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” инчунин мусоидати ҳамаҷониба дар татбиқи ин қонунҳои миллиамон гузаронида шуд.
Дар идома роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагиву ободкориҳо дар ҷумҳурӣ ва бахусус пойтахт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ободонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ мегардад, сухан гуфт.
Дар идомаи кори маҷлис масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди баҳсу баррасии ширкатдорон қарор гирифт.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ