image

Мавсими оббозӣ дар муассисаҳои соҳавӣ

date_range12.07.2023, 11:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти обӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки танҳо дар ҷойҳои барои оббозӣ пешбинишуда шиноварӣ намоянд.

Аз ҷумла аквапаркҳое, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодаанд, иҷозатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои қабули шаҳрвандон доранд ва дар он тамоми қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ муҳайё гардидааст. Сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд, аз ин маконҳои барои саломатӣ бехатар ва дорои шароити мусоиди шиноварӣ истифода намоянд, зеро оббозӣ дар кӯлу дарёҳо агар аз як ҷиҳат ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад, аз тарафи дигар дар сурати риоя нагардидани қоидаҳои он метавонад инсонро ба марг рӯ ба рӯ намояд.

Яке аз чунин маконҳои барои шиноварӣ муносиб ин Муассисаи давлатии Маркази хизматрасонии «Обшорон» дониста мешавад, ки имрӯзҳо фаъолияти худро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст ва сокинони пойтахт бо ҳамроҳии наздиконашон ба ин маркази дилхушӣ омода, истироҳат менамоянд. Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавз — шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат мебошад.

Дар Маркази хизматрасонии «Обшорон» барои истироҳати оилавӣ гӯшаҳои махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обӣ созмон дода шудааст. Маврид ба зикр аст, ки қисме аз аттраксионҳои марказ намунаи навтарини таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ буда, бори аввал дар Душанбе мавриди истифода қарор дода шудааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"