image

Саёҳати рӯзноманигорон ба ҶСК "Талко" дар шаҳри Турсунзода

date_range12.07.2023, 15:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

«Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил буда, дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат, ки ба менеҷменти муосир ва низоми байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ таъйид менамояд, дар асл таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкату корхонаҳои ватанӣ баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин аст, ки имрӯз корхонаҳои саноатии мамлакат маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба хориҷи кишвар содирот менамоянд. Истифода аз технологияи муосир дар корхонаҳои истеҳсолӣ баҳри рақобатпазир гардидани маҳсулот замина фароҳам сохта, соҳаи саноат рушд менамояд.

Ин навбат боздиди рӯзноманигорон аз ҶСК «ТАЛКО» дар шаҳри Турсунзода сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки аввалин собиқаи алюминии тоҷик моҳи марти соли 1975 истеҳсол шудааст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"