image

Тақвияти корҳои хуррамгардонӣ дар шаҳр

date_range13.07.2023, 14:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye449

Корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ дар ҳудудуи шаҳри Душанбе баҳри сарсабз намудани кӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳалла ва майдону гулгаштҳо ҳамарӯза бо ҷалби сокинон ва фаъолияти сохторҳои коммуналиву беҳдоштии ноҳияҳои шаҳр бовусъат ба роҳ монда шудааст.

Гулгашти назди Сирки давлатӣ яке аз мавзеъҳоии зебои шаҳр ҳисобида мешавад. Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки нигоҳубин ва сабзиши хуби гулу ниҳолони ин мавзеъ ба зимаи онҳо аст, барои таъмини сарсабзии ин гӯшаи пойтахт дар асоси тавсияи олимони соҳа тадбирҳои иловагиро рӯйи даст мегиранд. Айни ҳол гулҳои тобистона дар ин мавзеъ намои шаҳри Душанберо назаррабо гардонидаанд. Бино ба иттилои масъулин дар дигар кӯчаву хиёбонҳо низ гулҳои мавсими нашъунамои хуб доранд. Аз баски гармии зиёди тобистон ба нашъунамои гулҳо таъсир мерасонад, масъулин бо истифода аз имкониятҳои дар дастдошта ва истифодаи нуриҳои минералӣ сабзиши гулу буттаҳоро таъмин месозанд.

Вобаста ба фасли сол парвариш намудани гулҳои мавсимӣ, барқарорсозии низоми муосири обёрии гулгашт аз зумраи амалҳое аст, ки вобаста ба талабот дар ин қисмати шаҳр анҷом дода мешавад. Ҳаминтавр бо шинонидану парвариши гулу буттаҳои ороишии хоси ин ё он фасли табиат, ингуна мавзеъҳо давоми сол шукуфону назаррабо нигоҳ дошта мешаванд, ки боиси таъмини фазои хуби экологии шаҳр гардидаанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"