image

Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2023

date_range13.07.2023, 15:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye353

Дар толори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод, Қурбонзода Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Шарифзода Наргис Достӣ, аъзоёни кумита, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, иштирок намуданд.

Рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рӯйи масъалаҳои зерин, гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023, гузориши ташкилоти ибтидоии “Ломоносов”-и филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. “Ломоносов” дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нимсолаи якуми соли 2023, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баррасӣ гардид.

Нахуст, рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзоёни кумита тасдиқ карда шуда, тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2023 шунида шуд.

Сипас вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши раиси ташкилоти ибтидоии “Ломоносов”-и филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. “Ломоносов” дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ироа гардид.

Дар идома тибқи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баррасӣ шуда, дар алоҳидагӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"