image

Оғози басти сеюми мавсими истироҳат дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии Шарораи ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range13.07.2023, 15:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye319

Пас аз сафарбарнамоӣ ба басти сеюми мавсими истироҳат фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии Шарораи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай оғоз гардидааст. Тавре, ки гуфта шуд дар асоси дастурамали истироҳати навраосн дар истироҳатгоҳҳо дар ин мавсим хонандагон дар як рӯз ду маротиба ба шиноварӣ машғул мешаванд. Шиноварӣ яке аз шуғлҳои дӯстошдаи кӯдакону наврасон ба ҳисоб рафта, маҳз ба ҳамин хотир ин тадбир дар истироҳатгоҳи Шарораи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фароҳам шудааст.

Соли равон дар раванди фаъоляти истироҳатгоҳ як қатор навгониҳо ворид шуд, ки майдони хурди футбол ва майдонча барои бозии баскетбол ва волейбол аз ҷумлаи онҳо дониста мешавад. Саҳн ва атрофи истироҳатгоҳ сарсабзу хуррам ба назар расид ва масъулин иттило доданд, ки баҳри истироҳати хуби наврасон дар истироҳатгоҳ дар ин мавсим зиёда аз 400 адад ниҳолону дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст.

Кӯдакону наврасон дар як баст дар муддати 12 рӯз истироҳат менамоянд. Баҳри онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам гардида, онҳо бо 3 вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Ба ғайр аз ин фароғатчиён дар муддати истироҳат ба машғулиятҳои гуногуни зеҳниву ҷисмонӣ низ машғул мешаванд. Дар ин кор ба онҳо мураббиёни истироҳатгоҳ, ки аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муайян гардидаанд, кӯмак мерасонанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"