image

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ СӮИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР

date_range14.07.2023, 10:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye324

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шӯро иштирок доштанд.

Дар идома доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои "Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" ва "Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2030" сухан рафт.

Дар ҷаласа ҳисоботи муовинони раисони шаҳри Душанбе ва ВМКБ дар хусуси таъмини иҷрои талаботи "Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" шунида шуд.

Теҳрон Файзов 

"ТВ Душанбе"