Корҳои санҷишию назоратӣ ва фаҳмондадиҳии нозирони РХДО шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»
Дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023 дар 4 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ даври сеюми фароғату солигардонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии пойтахт идома дорад. Дар баробари талаботҳои дигари мавҷуда бояд қоидаҳои зиддисухторӣ низ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ риоя шавад.
Бо ин мақсад нозирони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар истироҳтагоҳи бернуназшаҳрии «Шарора»-и назди шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ корҳои санҷишию профилактикиро доир ба роияи қоидаҳои бехатарии сӯхтор гузаронида, бо масъулину хонандагон вохӯриҳои судманд доир намуданд. Зеро мутобиқ ба нишондоди Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023 Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки таъмини қоидаҳои бехатариро роҳандозӣ намояд. Ҳолати бехатарии сӯхтор дар утоқи хоби кӯдакону наврасон, истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон, интиқоли қувваи барқ дар доираи нишондоди техникӣ ва мавҷуд будани воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ аз санҷиш гузаронида шуд.
Маълум гардид, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта ҳолати бехатарии сӯхтор дар ин истироҳатгоҳҳо беҳтар гардидааст. Дар ин баробар доир бо қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва чи гуна амал намудан ҳангоми рух додани ҳодисаҳои эҳтимолии сӯхтор миёни нозирони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва кормандони истироҳатгоҳ саволу ҷавоб сурат гирифт.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ